Ризоияти Пурсиш
Шуморо барои иштирок дар пурсиши онлайн, ки дар доираи барномаи Шабакаи Англисӣ Бидуни Марз (EWB) таҳия шудааст, даъват менамоем. EWB ҳадафи ташкили шабакаеро дорад, ки он тавассути Mobile App ва Web-portal барои ҳамаи омӯзгорон ва донишҷӯёни забони англисӣ дастрас хоҳад шуд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни забони англисӣ дар саросари Тоҷикистон тавассути Mobile App ва Web-portal метавонанд ба манбаъҳои гуногуни таълимӣ ва омӯзишӣ дастрасӣ пайдо кунанд, аз рӯйдодҳои гуногун, имкониятҳои таҳсил ва кор огоҳ шаванд, инчунин дар семинарҳо, тренингҳои такмили ихтисос, конфронсҳо ва вебинарҳо ширкат варзанд. Барномаи EWB 4 намояндаи минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дорад, ки ба фаъолияти шабака мусоидат намуда, байни EWB ва ҷомеаи омӯзгорони забони англисӣ хамчун шахси алоқа хидмат мерасонанд.
Пурсиш 10-15 дақиқа вақтро мегирад.
Иштирок
Иштироки Шумо дар ин пурсишнома ихтиёрист ва Шумо метавонед аз ширкат дар пурсиш худдорӣ кунед ва ё пурсишро тарк кунед. Шумо метавонед аз посух додан ба ягон саволи мушаххасе, ки намехоҳед бо ягон сабаб ҷавоб диҳед, даст кашед. Ҳама посухҳо махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Бозгашти ин пурсиш розигии Шуморо барои истифодаи ҷавобҳое, ки Шумо пешниҳод мекунед нишон медиҳад.
Бо пур кардани ин пурсиш ва баргардонидани он, Шумо инчунин тасдиқ мекунед, ки Шумо 18-сола ва аз он боло ҳастед.
Лутфан ин саҳифаро барои сабтҳои худ нигоҳ доред.