ТАҶРИБАҲОИ ХУДРО АЗ ҚАТЪ ШУДАНИ ИНТЕРНЕТ ҚИСМАТ КУНЕД!

Ба лоиҳаи “Қиссаҳо дар бораи қатъ шудани интернет” аз Access Now хуш омадед.

Агар боре аз қатъ шудани интернет зарар дида бошед, ин таҷрибаро қисмат кунед, мо онро шунидан мехоҳем. Таҷрибаҳоро аз қатъ шудани интернети мобилӣ, интернети хатти собит, хадамоти телефонӣ ё барномаҳои мушаххас, мисли WhatsApp, Twitter ё Facebook қисса кунед.

Таҷриба ва қисаҳои шумо ба кори Access Now дар мубориза бо қатъ шудани  интернет, ки тавассути иқдоми #KeepItOn (https://www.accessnow.org/keepiton) амалӣ мешавад, кумак хоҳад кард. Мо онро дар сомонаи худ ё дар расонаҳо нашр мекунем.

Мо ба ҳарими хусусии шумо эҳтиром мегузорем ва бо камоли майл қисса ва таҷрибаи шуморо бо имзои мустаор қабул мекунем. Инчунин метавонед аз номи шахси дигар дархост гузоред. Лутфан, барои дарёфти маълумот ё ирсоли матлаб ба нишонии электронии felicia@accessnow.org муроҷиат кунед, агар мехоҳед аз пурсишномаи зер истифода накунед. (PGP: https://keys.accessnow.org/felicia.asc)

Пурсишномаи мазкур бо забонҳои français, العَرَبِيَّة‎, español‎ ва забонҳои дигар ҳам дастрас мебошад: https://www.accessnow.org/keepiton/#take-action 

Sign in to Google to save your progress. Learn more
Номи шумо чӣ? *
Ин метавонад нашр шавад. Агар хоҳед, тахаллусро истифода баред. Агар шумо достони ягон каси дигарро мубодила кунед (масалан, ҳамчун журналист), лутфан номи онҳоро низ нависед.
Қатъи интернет ба шумо чӣ гуна таъсир кард? *
Чӣ қадаре ки шумо ба мо тафсилоти бештар бигӯед, ҳамон қадар беҳтар аст. Мо ба ҳама гуна таъсир ба ҳаёти шумо, аз ҷумла эҳсосӣ, сиёсӣ, молиявӣ ё дигар таъсирҳо таваҷҷӯҳ дорем.
Суроғаи электрони *
Мо инро мубодила намекунем, аммо мо метавонем ба шумо паёми электронӣ фиристем, то дар бораи ҳикояи Шумо савол диҳем.
Ба мо акс фиристед (ихтиёрӣ)
Мубодилаи таҷрибаи шумо боз ҳам пурқувваттар хоҳад буд, агар он якҷоя бо акс фиристода шавад. Шумо метавонед акси худ (афзалиятдор), акси дастгоҳеро, ки барои пайваст шудан ба интернет истифода мекунед ё акс аз гирду атрофатон (масалан, ҷои кори шумо, хона ё манзараи аз тирезаатон намоёнро) истифода баред. Барои фиристодан, URL (суроғаи веб)-и аксро дар зер ворид кунед ё аксро ба суроғаи  felicia@accessnow.org аз тариқи ҳамон суроғае, ки дар ин шакл пешниҳод кардаед, фиристед.
Ба мо тафсилоти бештар бигӯед? (ихтиёрӣ)
Мо ҳама маълумотеро, ки шумо метавонед мубодила кунед, қадр мекунем, то ба мо барои беҳтар фаҳмидани таҷрибаи шумо кӯмак расонанд. Ҳама саволҳоеро, ки дар мубодилаи таҷрибаи худ аллакай ҷавоб додаед, метавонед сарфи назар гузоред.
Дар кадом кишвар шумо дучори қатъи интернет шудед?
Дар кадом шаҳр/деҳа шумо қатъи интернетро аз сар гузаронидаед?
Кадом рӯз қатъкунӣ оғоз шуд?
Тақрибан гуед, агар мутмаин нестед.
MM
/
DD
/
YYYY
Ҷинси шумо чист?
Синни Шумо чанд?
Касби шумо чист?
Шумо одатан барои дастрасӣ ба интернет аз кадом дастгоҳ(ҳо) истифода мекунед? Бренд ва моделро дохил кунед, масалан "iPhone 7" ё "Samsung Galaxy S6."
Ҳангоми қатъкунӣ шумо кадом хидмат, сайт ё барномаро аз даст додед?
Оё чизи дигаре ҳаст, ки шумо дар бораи худ ба мо гуфта метавонед?
Дараҷаи қатъшавӣ чӣ гуна буд?
Clear selection
Агар интернет комилан қатъ нашуда бошад, лутфан ба мо бигӯед, ки чӣ баста шудааст.
Оё занги мобилӣ ва паёмнависӣ низ баста шудааст?
Clear selection
Ҳангоми қатъ, оё шумо усулҳои иртиботеро, ки одатан истифода намебаред, истифода бурдед ё технологияҳои гузариш ба монанди VPN ё Torро истифода бурдед?
Агар ин тавр бошад, лутфан ба мо бигӯед, ки шумо кадом усулҳо ё технологияҳоро истифода бурдед.
Оё қатъкунӣ ҳоло ҳам идома дорад?
Clear selection
Давомнокии қатъкунӣ чанд буд/аст?
Амният ва махфият
Бехатарии шумо аз ҳама муҳим аст ва масъулияти шумост. Лутфан чизе мубодтла накунед, ки шуморо зери хатари таъқиби корфармоён, мансабдорони давлатӣ ё дигарон қарор диҳад. Ва агар шумо аз пешниҳоди саволномаи Google нороҳат бошед, шумо метавонед ҷавобҳои худро мустақиман ба  felicia@accessnow.org почтаи электронӣ фиристед. 

Сиёсати махфияти Access Now ин ҷост: https://www.accessnow.org/data-usage-policy/

Маълумоте, ки шумо тавассути ин шакл мубодила мекунед, инчунин тавассути Google мегузарад. Ин ҷо сиёсати махфияти онҳоро бинед: https://www.google.com/policies/privacy/
Чӣ тавр мо таҷрибаи шуморо истифода хоҳем кард
Мо пешниҳоди шуморо қадр мекунем! Мо таҷрибаи шуморо мехонем ва онро дар Access Now мубодила хоҳем кард, то аз кори худ бар зидди қатъ шудани интернет гузориш диҳем.

Мо метавонем  таҷрибаи шуморо тарҷума кунем ё онро барои фаҳмиш, дарозӣ, услуб, грамматика ё имло таҳрир кунем, аммо мо далелҳои пешниҳодкардаи шуморо тағир намедиҳем.

Мо мутаассифона ҳар як хабари ба дастамон расидаро нашр карда наметавонем. Агар мо онро нашр кунем, мо ба шумо тавассути суроғаи почтаи электронии пешниҳодкардаатон хабар медиҳем.  Таҷрибаҳои таҳти иҷозатномаи (лисензияи) Creative Commons Attribution нашр мешаванд, ки дар ин ҷо шарҳ дода мешавад:: https://creativecommons.org/licenses/by/4.0.

Новобаста аз он ки мо таҷрибаи шуморо нашр мекунем, шумо метавонед онро худатон дар ҷои дигар нашр кунед. 


Submit
Clear form
Never submit passwords through Google Forms.
This form was created inside of Accessnow.org. Report Abuse